Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозироти давлатии иёргирии назди

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони сомона

Дар бораи нозирот

Бо мақсади таъмини назорати давлатии воридот ва истеҳсоли ҷавоҳироту маснуоти дигари маишӣ аз металлҳои қиматбаҳо, савдои озод ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагони маснуоти зикршуда бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 ноябри соли 1994 таҳти №511 дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба қабул, нигаҳдорӣ, навъбандӣ ва додани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо Нозироти давлатии иёргирӣ ҳамчун мақомот дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст. 

Нозироти давлатии иёргирӣ намояндагии худро дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва минтақаи Кулоб дорад, ки кори фаъолияти иёргирӣ ва назорати давлатиро дар ҳудудҳои ба онҳо муқарраршуда  пеш мебаранд. Сохтори Нозироти давлатии иёргирӣ аз тарафи Вазорати молия тасдиқ карда мешавад.

Нозироти давлатии иёргирӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагони ин маснуот аз рақобати беинсофона, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои давлату ҷомеа назорати иёриро ба амал мебарорад.

 

Тавзеҳот:

Истеҳсолоти саноатӣ аз қабили металл ва сангҳои қиматбаҳо пешбарандаи иқтисодӣ миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. 

Инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла соҳаҳои коркарди металл ва сангҳои қиматбаҳо ҳамчун таъминкундаи рушди иқтисод аз ҳадди таъминот бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагии амиқ дорад. Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар барои беҳтар гардонидани тавозуни савдои хориҷӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

ВАЗИФАҲОИ НОЗИРОТИ ДАВЛАТИИ ИЁРГИРӢ

       Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботҳои Қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзими самти фаъолияти соҳаро таъмин менамоянд, хизматрасонии иёриро амалӣ намуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №297 “Дар бораи тасдиқи Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр (пардохти иёр) рӯёнида мешавад ва Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда” хизматрасониҳои санҷидан, ташхис, баҳодиҳӣ, таҳлил ва тамғагузории ҳама намуди металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ, ки аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст, анҷом медиҳад.

       Тавзеҳот:

       Татбиқкунандаи ҳама намуди танзими назорати муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, хизматрасониҳо вобаста ба ташхису тамғагузорӣ ва пешбурди дигар намуди хизматрасониҳои Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №21 “Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №297 “Дар бораи тасдиқи Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр (пардохти иёр) рӯёнида мешавад ва Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда” амалӣ карда мешавад.