Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозироти давлатии иёргирии назди

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони сомона
Асомудинзода Сафомудин
Сардори Нозироти давлатии иёргирӣ

Асомудинзода Сафомудин

 

 

АСОМУДИНЗОДА САФОМУДИН

 

 

Соли таваллуд:

20 декабри соли 1970

Миллат:

Тоҷик

Таҳсилот:

- ихтисос “Ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит” (Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусравро соли 1999-2005 хатм кардааст.)

- ихтисос “Идораи давлатӣ” (Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 2018 хатм кардааст.)

Мукофотҳои давлатӣ:

Бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст.

 

 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

 

 

1992-2002 с.

 

Мудири мағозаи №30-и Ҷамъияти матлуботи деҳоти Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон.

2002-2004 с. 

Муҳосиби Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон.

2004-2005 с.

Мутахассиси дараҷаи аввал, намояндагии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа.

2005-2010 с.

Намояндаи мудири бахши намояндагӣ дар минтақаи Қурғонтеппаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2010-2014 с.

Мудири бахши намояндагӣ дар вилояти Хатлони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2014-2017 с.

- Иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати ташаккул ва иҷроиши буҷети давлатии раёсати назорати буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорати қарзҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории раёсати назорати қарзҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва таҳлили хариди давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фондҳои ғайрибуҷетӣ, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии раёсат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2017-2018 с.

 

Сардори раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2018-2024 с.

Сардори раёсати аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

аз майи соли 2024

Сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.