Санаи 19 октябри соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) семинари омӯзишӣ дар доираи Лоиҳаи «Мустаҳкамкунии идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти фискалӣ (SPFMFT) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони мақомоти олии қонунгузор ва иҷроия, аз ҷумла, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Палатаи ҳисоб, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Кумитаи андоз, дигар вазорату идораҳои соҳавӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Шамсулло Хайрулло оғоз бахшида, вобаста ба аҳамияти муҳими гузариш ба стандардҳои муосири ҳисоботдиҳӣ барои баланд бардоштани эътимоди сармоягузорон ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ суханронӣ намуд.
Дар рафти семинар ду ҳуҷҷати муҳими муайянкунандаи дурнамои ислоҳот мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқ қарор гирифтанд:
- «Харитаи роҳ оид ба сиёсати ҳисобдорӣ дар бахши давлатӣ барои то соли 2032» ва Нақшаи навшудаи амал:
- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ дар сектори давлатӣ».
Ҳуҷҷатҳои мазкур марҳила ба марҳила гузаштани тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетиро ба низоми нави баҳисобгирӣ муайян намуда, заминаро барои шаффофияти комили фискалӣ дар 7 соли оянда ҳамвор месозанд. Инчунин, лоиҳаи қонуни зикршуда заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои гузариш ба усули ҳисобкунӣ, баҳисобгирии дақиқи активҳо, уҳдадориҳо ва омодасозии ҳисоботи консолидатсионӣ фароҳам меорад.
Семинари омӯзишӣ то 30 октябри соли 2026 идома ёфта, ба омӯзиши пӯрраи масъулони молияи муассисаҳо ва рушди малакаи касбии онҳо нигаронида шудааст.