Нимаи дуюми рӯзи 27 октябри соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Габриэлла Ивонна Акимова баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Вазири молия хонум Габриэлла Ивонна Акимоваро ба муносибати оғози фаъолияти кориаш дар Тоҷикистон ва ба ин мансаби масъул таъин шуданаш самимона муборакбод гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбиҳо таманно намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва афзалиятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои дахлдор, аз ҷумла маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии барвақтии кӯдакон ва баланд бардоштани малакаи муаллимон, инчунин татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.