Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозироти давлатии иёргирии назди

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони сомона
Хадамоти матбуотӣ
28.10.2026

Хадамоти матбуотӣ

      Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Ноиби Бонки Аврупои таҷдид ва рушд Маттео Патроне баргузор гардид. Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзию грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупои таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаҳои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кулоб ба маблағи 9,9 млн евро ва барқарорсозии роҳи Балҷувон - Сари Хосор ба маблағи 52,85 млн евро, ки дар маҷмӯъ маблағи умумии онҳо 62,45 млн евраро ташкил медиҳад баргузор шуд. 

      Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Балҷувон - Сари Хосор ин таҷдиди роҳи автомобилгард бо дарозии 54,1 км, сохтмони 10 - адад пул ва насби 121 - адад қубурҳои обгузар, инчунин таъмини устуворӣ ва бехатарии роҳҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои куҳистони кишвар баҳисоб меравад. Мақсади асосии лоиҳаи обтаъминкунии обу корези шаҳри Кулоб ин сохтмону барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, барқарорсозии оби нушокӣ ва оби тозаи нушокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кулоб ба ҳисоб меравад.

      Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Ноиби Бонки Аврупои таҷдид ва рушд Маттео Патроне ба имзо расониданд.